Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар
REKLAM ALANI
10.03.2024
A+
A-

Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

2024 , шаҳри Душанбе

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Resim

Нахуст, Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додаанд.

 

 

 

 

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Тавре зикр гардид, мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.

Resim

Дар рафти мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд.

Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.

Resim

Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд.

Resim

Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи кишвар оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.

kaynak:http://www.president.tj/node/32922

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.