Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон <a href="https://t.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Yayın: 30 Aralık 2022 SİYASET Google News

 

 

 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022 , шаҳри Душанбе

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки вобаста ба он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид гардид мақсад аз баррасии санади мазкур ин мушаххас намудани раванди иҷрои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян намудани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошуйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кутоҳ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошуйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.

Сипас аъзои ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад.

Баъди муҳокима дар маҷлиси ҳукумати мамлакат Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” ва дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси ҳукумати мамлакат баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулон барои таъмини саривақтӣ ва босифати нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои сухтор ва риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакат доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

kaynak:http://www.president.tj/node/29847?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Son Güncelleme: 30 Aralık 2022